Барқияи табрикӣ ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусейн Обама

№84 (3069) 06.07.2013

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусейн Обама барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Фурсати фараҳбахш бароям муяссар шудааст, то Шумо, Ҳукумат ва мардуми дӯсти Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба ифтихори фаро расидани иди миллӣ – Рӯзи истиқлолияти кишваратон самимона табрику таҳният гӯям.

Муносибатҳои мутақобилан судманди байни кишварҳои мо бар асари саъю талошҳои муштарак арсаҳои зиёди ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи мавриди таваҷҷуҳи якдигарро фаро гирифта, имрӯз дар марҳилаи рушди устувор қарор доранд.

Тоҷикистон Амрикоро яке аз шарикони дерина ва муътамади худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.

Ҷониби Тоҷикистон мусоидату дастгирии доимии иқтисодиву иҷтимоӣ ва гуманитарии кишвари Шуморо дар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобила ва дар чорчӯбаи барномаву лоиҳаҳои гуногун ҳамеша эҳсос намуда, кӯшишҳои пайвастаи онро ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави ҳамшарикии дарозмуҳлату созанда баланд арзёбӣ менамояд.

Бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ба муносибати ин санаи муборак ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Амрико саодату хушрӯзӣ ва пешрафту шукуфойӣ таманно дорам».