Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко

№84 (3069) 06.07.2013

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Александр Григоревич!

Барои ман боиси фараҳмандист, то ба Шумо табрикоти самимии худро ба муносибати Иди миллии Ҷумҳурии Белорус ирсол намоям.

Бо қадрдонӣ аз равобити суннатӣ ва дӯстиву ҳамкории наздики байни кишварҳоямон боварӣ дорам, ки равобити муътамад ва созандаи байни Белорус ва Тоҷикистон дар оянда низ рушду густариш хоҳанд ёфт.

Мутмаинам, ки мо бо ҳам метавонем ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ба нафъи мардуми ду кишвар нигаронида такони тоза бахшем.

Дар ин рӯзи таърихӣ ба Шумо, муҳтарам Александр Григоревич, сиҳатии комил ва ба халқи дӯсти белорус сулҳу рифоҳ ва шукуфойӣ орзу менамоям».