Ҳаштуми январи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ!
Иттилооти даҳшатангез дар бораи ҳамлаи ғаддоронаи террористӣ дар Париж ба идораи ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Шарли Эбдо», ки 12 нафар кушта гузоштааст, мардум ва Ҳукумати Тоҷикистонро бениҳоят андӯҳгин кард.
Ин амали ғайриинсонӣ ҳамаи моро бори дигар ҳушдор медиҳад: башарият имрӯз бо душмани умумие рӯ бу рӯст, ки хориҷ аз чаҳорчӯби ҳар гуна қоидаҳои зиндагии инсонист. Муборизаи дастаҷамъонаи беамон бар зидди ин «вабои аср» бояд ҳамаи моро муттаҳид созад. Тоҷикистон, ки бо Фаронса дар ин ҷода ҳамеша ҳамкориҳои хубу созанда дошт, таъкидан иброз медорад, ки дар амри решакан намудани ин падидаи фалокатбор бо Фаронса хоҳад буд.
Бо изҳори таъзия ва тасаллияти самимӣ ба тамоми мардуми дӯсти Фаронса, аз ҷаноби Президент хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикони фавтидагон бирасонанд. Ба маҷрӯҳшудагон шифои оҷил ва комил орзумандам».