Панҷуми феврали соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Абдуллоҳи II ибни Ҳусайн- Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Аълоҳазрат!
Фоҷиаи қатли ҳавонавард Муоз ал-Касосиба аз ҷониби гурӯҳи ифротиву террористии «Давлати исломӣ» моро ба даҳшат андохт.
Бо изҳори тасаллият ба Шумо нисбати ин талафот таъкид бар он медорем, ки чунин амали нафратангези ғайриисломиву ғайриинсонӣ азму иродаи моро ҷиҳати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар роҳи решакан намудани ин вабои палид, ки таҳдиде ба амнияту суботи минтақа ва тамоми ҷаҳон гаштааст, беш аз пеш афзун менамояд.
Таъзияву ҳамдардии самимонаи моро ба Шумо, пайвандони шаҳид ва мардуми бародари Урдун қабул фармоед».
www.president.tj