Барқияи тасаллият

№30 (3331) 02.03.2015

Бисту ҳафтуми феврали соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Ҷалолатмаоб!

Хабари боридани барфи зиёд ва фаромадани баҳман (тарма) дар қисмати шимолу шарқии кишвари дӯст, ки сабаби ҳалокати садҳо шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, боиси ҳузну андӯҳи амиқи мо гашт.

Аз Ҷалолатмаоб хоҳиш мекардам, ки ҳамдардии самимии моро ба мардуми бародари Афғонистон бирасонанд. Худованди мутаъол ба наздикони қурбоншудагон сабри ҷамил ато фармояд.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».

www.president.tj