Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусейн Обама барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Дар Тоҷикистон ин амали террористиро, ки ҳангоми гузаронидани марафони Бостони ИМА рух дода, боиси марги чандин нафар шаҳрванд гардид, бо нафрати беандоза қабул карданд. Ин амали ғайриинсониро қатъиян маҳкум намуда, мо дастгирии худро нисбат ба талошҳое, ки ба муқовимати босамар бар зидди ин кирдори нангин равона шудаанд, баён медорем ва кӯшишҳои сарҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро дар мубориза бо терроризм ҷонибдорӣ менамоем.
Аз Шумо, Ҷаноби Президент, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасаллияти амиқ ва эҳсосоти ҳамдардии моро ба хешовандону пайвандони ҳалокшудагон расонед ва таманнои моро дар мавриди ҳар чӣ зудтар шифо ёфтани ҳамаи зарардидагон қабул фармоед».
www.prezident.tj