Барқияи тасаллият

№78 (3224) 16.07.2014

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  16 июли соли 2014 ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:

«Муҳтарам Владимир Владимирович!

Аз хабари фоҷиа дар метрои Москва, ки дар натиҷаи он қурбониҳои ҷонӣ ва захмӣ шудани одамони бисёр ба вуқӯъ пайваст, сахт ғамгинам.

Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳишмандам, ки тасаллияти самимии моро ба ақрабо ва пайвандони фавтидагон, ҳамчунин таманнои ба зудӣ сиҳатёбиро ба ҳамаи ҷабрдидагон бирасонед».