Барқияи тасаллият

№86-88 (3232-3234) 04.08.2014

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари таркиш дар корхонаи саноатии шаҳри Куншани музофоти Сзянсуи қисмати Шарқии Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки боиси фавтидани даҳҳо нафар ва осеб дидани садҳо каси дигар гардидааст, моро басо андӯҳгин намуд.

Ҷаноби Олӣ, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасаллияти самимона ва ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва ҳамзамон таманниёти зуд шифо ёфтани ҳамаи зарардидагонро расонед».

www.president.tj