23 декабри соли 2016 ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид номаи табрикӣ расид, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Бо камоли эҳтиром Шуморо ба муносибати ба иттифоқи оро қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», 2018-2028, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, самимона табрик менамоям. Бовар дорам, ки даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об саҳми арзишманд хоҳад гузошт. Даҳсолаи мазкур. инчунин дар таҳким ва вусъатбахшии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт», 2005-2015, мусоидат менамояд.
Итминон дорам, ки даҳсолаи нав дар амалӣ намудани иқдомҳои дигари марбут ба захираҳои об, аз ҷумла фаъолияти Панели сатҳи баланд оид ба захираҳои об мусоидат карда, дар ҳалли мушкилоти имрӯза ва оянда, ки зимни татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ба миён омада метавонад, нақши назаррас мебозад».
www.president.tj