Суҳбати телефонӣ

№128 (3608) 11.10.2016

7 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ намуд.

Дар ҷараёни суҳбат, ки дар фазои самимӣ ва дӯстона гузашт, Эмомалӣ Раҳмон Президенти Россияро бо таманниёти беҳтарин ва самимият бо зодрӯзаш табрик намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуфузи баланди Владимир Путинро дар Россия ва берун аз он таъкид намуда, нақши барҷастаи ӯро дар рушди рӯзафзуни муносибатҳои наздики дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Россия махсус таъкид намуд.

Зикр гардид, ки фаъолияти мақсадноки муштарак дар самти таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистону Россия ҷавобгӯйи ҳадафҳои бунёдии мардуми ду кишвар буда, омили суботу амнияти минтақавӣ мебошад.

www.president.tj