Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 14 августи соли 2015 ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати фаро расидани солгарди ҷашни муборак – Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми дӯсти кишварро самимона табрик ва таҳният менамоям.
Кишвари Покистон дар солҳои охир ба комёбиҳои зиёд дар ҳама арсаҳо дастёб шуда, дар равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ширкати фаъол дорад. Оғоз гаштани раванди дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай узвияти комил пайдо намудани Покистон шоҳиди возеҳи ин гуфтаҳост ва мо чун дӯстони ҳақиқӣ аз он қаноатманд ва хушнудем.
Пайвандҳои таърихии кишвару миллатҳои мо аз қаъри қарнҳои қадим маншаъ мегиранд, ки онҳо зербинои мустаҳками равобити муосири кишварҳои моро ташкил медиҳанд.
Бо камоли қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар солҳои охир робитаву муносибатҳои анъанавии дӯстонаи мо дар ҳамаи арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ сатҳ ва мазмуни баланд касб намуданд.
Итминони комил дорам, ки тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилгардидаи мо зимни сафарҳои Шумо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан амалӣ гардида, ҷавобгӯи ормонҳои мардумони мо мегарданд ва ба нафъи халқҳои мо, субот ва амнияти минтақаю ҷаҳон хидмат хоҳанд кард.
Ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, сиҳатии комил ва баҳри шукуфоии кишвари дӯсти Покистон пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми бародари он пешрафт, саодат ва амну амонӣ орзумандам».
***
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15 августи соли 2015 ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хушҳолам табрику таҳнияти самимии хеш ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни миллӣ – солгарди Рӯзи Истиқлолият ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Ҳиндустон тақдим намоям.
Мо аз дастовардҳои назарраси кишвари Шумо дар тамоми арсаҳои муҳими зиндагӣ шодем, ки оғоз гаштани раванди дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай узвияти комил пайдо намудани Ҳиндустон як намунаи ҷадиди он аст.
Тақвияту густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо Ҷумҳурии Ҳиндустон дар сархати фаъолиятҳои ҳадафмандонаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Боиси хурсандист, ки ҳамкориҳои созанда ва шарикии Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахшҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг ва соҳаҳои амниятиву низомӣ сол аз сол рушду тавсеаи беш аз пеш меёбанд.
Умедворам, ки иҷрои аҳду паймонҳои дар рафти сафари нахустини давлатии Шумо ба Тоҷикистон ҳосилшуда, бешубҳа, ба тавсеаю густариши ҳамкориҳои мо боис гашта, ҷавобгӯи манфиатҳои ҷонибайн ва тақвияти суботи минтақа хоҳад шуд. Мо аз ҷониби худ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар ин самт истифодаи муассир ба амал хоҳем овард.
Бо ибрози орзуҳои беҳтарин, сиҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ба ҷаноби Сарвазир, ба мардуми дӯсти Ҳиндустон хушрӯзӣ, пешрафт ва саодат таманно дорам».
***
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15 августи соли 2015 ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Хонуми Олиҷоҳ!
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ ва мардуми дӯсти Корея табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро ба муносибати солгарди Иди миллии кишваратон тақдим медорам.
Тоҷикистон Кореяро ҳамчун шарики муҳим ва дӯсти боэътимод медонад ва ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории муфид бо кишвари Шумо аҳамияти хоса медиҳад.
Аз ин рӯ, Тоҷикистон ба дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунарсаи ҳар ду кишвари дӯст хушбин аст.
Мутмаинам, ки иҷрои аҳду паймонҳои ду ҷониб дар чаҳорчӯбаи сафари расмии имсолаи инҷониб ба кишвари зебоманзари Шумо ҳосилшуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории муфиди моро ба сатҳи сифатан нав боло хоҳад бурд ва оғозгари марҳалаи навини рушду тавсеа хоҳад гашт. Ҷониби Тоҷикистон ба хотири татбиқи барномаҳои муштараки мо, таҳкими суботу амнияти минтақа ва рушди устувори он саъю кӯшиши заруриро дар ин самт дареғ нахоҳад дошт.
Ин рӯйдоди фараҳбахш ба ман имконияти хуберо фароҳам овардааст, то ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатии комил, саодату дастовардҳои навин ва ба мардуми дӯсти Корея, сулҳу субот ва шукуфоӣ орзу намоям».
www.president.tj