27 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов барқияи табрикотӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Гурбонгули Маликгулиевич!
Бо қаноатмандии бузург ба Шумо табрикот ва таманниёти беҳтарини худро ба муносибати иди миллии Туркманистон — 24-умин солгарди Рӯзи истиқлолият ирсол менамоям.
Мо аз он қаноатмандем, ки ҳамкории мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон муҳтавои нави мусбати дорои хусусиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию башардӯстона касб мекунад.
Изҳори умед мекунам, ки муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон минбаъд низ равнақ меёбанд. Мо аз ҷониби худ тамоми кӯшишро ба он равона месозем, ки ин муносибот ҳамаҷониба тақвият ёбанд.
Мехоҳам ба Шумо, Гурбонгули Маликгулиевич, тансиҳатӣ ва комёбӣ, ба мардуми бародари туркман сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно бикунам».
***
28 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Боиси сарфарозии ин ҷониб аст, ки Ҷаноби Олӣ, давлат ва мардуми Ҷумҳурии Чехияро ба муносибати фаро расидани солгарди иди миллии кишвари дӯст самимона табрик ва таҳният мегӯям.
Дар Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳо бо Чехия дар соҳаҳои гуногун бо таваҷҷуҳи хоса менигаранд. Тавсеа ва таҳкими беш аз пеши ин муносибот ба манфиати мардуми ду кишвари дӯст ва сулҳу субот дар минтақа хоҳад буд.
Аз ин рӯ, итминони комил дорам, ки раванди ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни ду кишвар густариши тоза касб хоҳанд кард.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо, ҷаноби Президент, хушбахтиву саломатии бардавом ва ба мардуми дӯсти Чехия хушрӯзӣ ва саодат орзумандам».
www.president.tj