30 январи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Дар иртибот ба фарорасии санаи хотирмон дар таърихи муосири муносиботи байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркия — 25 — умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ сарфарозам ба Шумо табрикоти самимии хешро ирсол намоям.
Тайи ин давра бар асари талошҳои муштарак ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бемайлон густариш ёфта, зинаҳои нав касб карданд.
Дар ин раванд усулҳои пазируфташуда ва халалнопазири дӯстии пойдор, баробарҳуқуқӣ ва эътимоду эҳтироми мутақобила хоси робитаҳои созандаи Тоҷикистону Туркия буданд.
Тоҷикистон ҷонибдори таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дарозмуддати дӯстона бо Туркия мебошад ва ин мавқеъ созгори усули умдаи сиёсати хориҷии мост.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҷаноби Президент тансиҳативу пирӯзиҳои нав ба нав, ба мардуми дӯсти Туркия суботу амонӣ ва рӯзгори обод орзумандам».
30 январи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган низ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Президент!
Ба муносибати 25-умин солгарди роҳандозии робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозам ба Шумо табрикоти худро изҳор намоям.
Итминони комил дорам, ки муносибатҳои ҳар ду кишвар, ки бо равобити фарҳангиву таърихӣ ва дар асоси эҳтироми тарафайн, баробариву манфиати муштарак бунёд ёфтаанд, дар оянда низ рушд хоҳанд кард.
Дар ин масир, бори дигар таъкиди иродаи онро дорам, ки дар якҷоягӣ бо кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон ояндаи дурахшонро бунёд хоҳем кард.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба Ҷаноби Олӣ саломативу хушбахтӣ орзу намуда, таманниёти беҳтаринамро ба мардуми Тоҷикистон мерасонам».
www.president.tj