Барқияҳои табрикӣ

№16 (3653) 16.02.2017

13 феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия самимона табрик менамоям.

Мо густаришу таҳкими равобити дўстӣ ва ҳамкории мутақобилан судмандро бо Германия аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон медонем ва ояндаи онҳоро нек арзёбӣ менамоем.

Боиси қаноатмандист, ки ҳамкориҳои созандаву рушдёбандаи мо дар натиҷаи саъю талошҳои муштараки солҳои охир пайгирона вусъат ёфта,  мазмуну муҳтавои фарохтарро касб кардаанд.

Умед дорам, ки ин раванд минбаъд низ идома ёфта, муносибатҳои ду кишвар боз ҳам рушд хоҳанд кард.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандиву саодат ва дар ҷодаи амалӣ намудани вазифаи пурмасъулияти наватон муваффақиятҳо, ба кишвари дўсти Германия ва мардуми он амну амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам».

13 феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Гурбонгули Маликгулиевич!

Ба муносибати пирўзии комили Шумо дар интихоботи навбатии Президенти Туркманистон табрикоти самимии маро қабул фармоед.

Аз нав интихоб шудани Шумо ба ин маснади масъули давлатӣ баёнгари возеҳи эътимоди баланди мардум нисбат ба роҳи сиёсие мебошад, ки таҳти роҳбарии Шумо ба хотири шукуфоии бемайлони кишвар ва некуаҳволии мардуми он мавриди татбиқи амалӣ қарор дорад.

Итминон дорам, ки дар давраи нави фаъолияти президентии Шумо муносибатҳои дўстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Туркманистон минбаъд низ ба нафъи ду давлат ва мардумонашон таҳкиму рушд хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, Гурбонгули Маликгулиевич, тансиҳатии комил ва комёбиҳои нав дар фаъолияти давлатиатон ва ба мардуми Туркманистон сулҳу ободӣ таманно дорам».

www.president.tj