Барқияҳои табрикӣ

№ 06.03.2017

Дуюми марти соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия табрику таҳният мегӯям.

Боиси қаноатмандист, ки тайи ин давра кишварҳои мо дар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва равобити дуҷониба ҳамкориҳои судманди байнидавлатиашонро ба роҳ монда, ҷиҳати рушди онҳо пайгирона талош меварзанд.

Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳар чӣ бештари муносиботи дӯстонаи миёни ду кишвар буда, таъкиди омодагӣ менамояд, ки минбаъд низ дар ин самт имкониятҳои мавҷударо мавриди татбиқ қарор диҳад.

Бо истифода аз фурсати фараҳбахш ба ҷаноби Президент саломатии комил, саодату хушрӯзӣ ва ба мардуми дӯсти Финляндия амну амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ таманно дорам».

 

Дуюми марти соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё ҳам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Президент!

Хоҳишмандам табрикоти маро ба муносибати 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дип­ломатӣ миёни Ҷумҳурии Финляндия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Бесаброна таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаамонро интизорам».

 

Дуюми марти соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерреш барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли мамнуният дастрас гардидани таб­рикоти самимии Шуморо  ба муносибати 25-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид таъкид менамоям.

Шинохти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ҷараёни эътирофи Истиқлолияти давлатии кишвари моро аз ҷониби дигар аъзои он вусъат бахшида, барои воридшавии Тоҷикистони соҳибихтиёр ба ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи устувор фароҳам овард.

Мо нақши бузургу таърихии Созмони Милали Муттаҳидро дар раванди истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвари худ баланд арзёбӣ менамоем.

Тайи солҳои сипаришуда имкониятҳои ин минбари умумиҷаҳонӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати пешниҳоди ибтикороти умдаи дархӯри ниёзмандиҳои ҳамаи башарият, бахусус дар соҳаи об, мавриди истифода қарор дошт.

Боиси қаноатмандист, ки шарикии мо бо сохторҳои фаръию махсусгардонидашуда ва агентию муассисаҳои он тадриҷан васеъ гардида, имрӯз дар сатҳи ҳамкорӣ бо мақсади рушди устувор қарор доранд.

Изҳори итминон менамоям, ки ин санаи муборак ба марҳалаи нави рушди муносибатҳои мо ҳусни оғоз хоҳад бахшид.

Мо омодаем, ки ҳамкориҳои судмандро бо Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ идома дода, дар раванди расидан ба ҳадафҳо ва арзишҳои волои он саҳми босазо гузорем».

Дуюми марти соли 2017 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерреш низ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намудааст, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Мехоҳам табрикоти хешро ба Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-солагии узвияти кишвари Шумо дар Созмони Милали Муттаҳид изҳор намоям.

Ман барои дастгирии Ҳукумати Шумо аз фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид изҳори сипос мекунам. Тоҷикистон кишвари пешбари воқеии масъалаҳои марбут ба рушди устувор ва мудирияти захираҳои об аст. Ман, Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро инчунин ба муносибати таҷлили 20-солагии истиқрори сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ табрик мегӯям. Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикис­тонро ба ҳайси шарики сулҳ ва рушд эътироф мекунад. Ман мехоҳам, ба вежа, ба кишвари Шумо барои ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ ва намояндагони Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикис­тон миннатдорӣ намоям.

Бо итминон зикр менамоям, ки Созмони Милали Муттаҳид бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тат­биқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ва ноилшавии мардуми Тоҷикистон ба рушди устувор ҳамкории зич хоҳад кард.

Эҳтиромоти фоиқаи маро, Ҷаноби Олӣ, қабул фармоед».

Сеюми марти соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия самимона табрику таҳният мегӯям.

Мо аз он қаноатмандем, ки дар тӯли ин солҳо муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямон ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои тоза ва созанда пайдо кардаанд.

Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро бо Франсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад. Аз ин рӯ, мо ба рушди муносибатҳои худ бо кишвари Шумо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоем ва ҷонибдори инкишофу нумӯи ҳар чӣ бештари онҳо дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем. Итминон дорем, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитариву фарҳангӣ ба пояҳои баландтар бардошта хоҳанд шуд.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, ҷаноби Президент, саломатии комил ва комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Франсия амну амонӣ, саодат ва пешравиҳо таманно дорам».

Сеюми марти соли 2017, ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намудааст, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Сеюми март биступанҷумин солгарди таъсисёбии муносибатҳои дипломатии Франсия ва Тоҷикистон қайд карда мешавад.

Франсия ҳамеша барои истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон кӯшиш мекард. Вобаста ба ин, ман аз он хурсандам, ки дар тӯли ин бисту панҷ сол байни кишварҳои мо муносибатҳои устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монда шуданд.

Ман фаромӯш намекунам, ки Тоҷикистон низомиёни ҳавоии франсавиро, ки барои осоиштагии Афғонистон фаъолият доштанд, дар замини худ пазируфт.

Ман умедвори рушд ва боз ҳам устувор будани робитаҳои биступанҷсолаи дӯстонаамон ҳастам.

Фурсатро ҷиҳати таҷдиди ғояти эҳтироми Шумо ғанимат мешуморам».

www. president. tj