16 марти соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия Моҳд Наҷиб бин Тун Ҳоҷӣ Абдул Разоқ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Сарфарозам Шуморо ба муносибати 25-солагии ба роҳ мондани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия табрику муборакбод намоям. Бо ишора ба натиҷаҳои мулоқоти мову Шумо дар ҳошияи Форуми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ, изҳори боварӣ мекунам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни кишварҳоямон дар оянда низ бо талошҳои пайгиронаи муштараки мо густариш хоҳанд ёфт.
Барои пешбурди ин раванди самарабахш мо омодаем, ки муколамаи мунтазами сиёсии миёни кишварҳоямонро, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, тақвияти бештар бахшем.
Ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, саломатии комил, саодату комёбиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Малайзия сулҳу амонӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзумандам».
16 марти соли 2017 Сарвазири Малайзия Моҳд Наҷиб бин Тун Ҳоҷӣ Абдул Разоқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Малайзия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он рӯзе, ки дар соли 1992 муносибатҳои дипломатиро барқарор намуданд, робитаҳои самимӣ ва дӯстона доранд.
Дар ин санаи хотирмони 25-умин солгарди муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо, бо қаноатмандӣ мехоҳам ҳамкории наздику созандаи байниҳукуматиро, ки бар ҳадафҳои муштараки мо дар ростои таъмини сулҳ ва шукуфоӣ барои мардумони мо ва инчунин, назари яксони мо нисбат ба масъалаҳои глобалӣ асос ёфтаанд, таъкид намоям. Боварӣ дорам, ки муносибатҳои неки байни кишварҳои мо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.
Ман ҳамчунин мутмаинам, ки таҳти роҳбарии хирадмандона ва моҳиронаи Шумо ҳамкориҳои Малайзия ва Тоҷикистон беш аз пеш густаришу тавсеа хоҳанд ёфт. Ман омодагии хешро барои ҳамкории наздик бо Шумо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар ростои манфиатҳои мутақобилан судманди мардумони мо иброз менамоям».
www.president.tj