Барқияҳои табрикӣ

№45 (3682) 27.04.2017

24 апрели соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина Пётр Порошенко барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Пётр Алексеевич!,

Ба муносибати биступанҷумин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина ба Шумо ва тамоми мардуми Украина табрикоти самимии хешро иброз менамоям.

Боиси хушнудист, ки тайи ин давра кишварҳои мо бо такя ба анъанаҳои деринаи робитаҳои ҳасанаи мардумони худ муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судмандашонро пайгирона густариш доданд.

Мо нисбати дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Украина дидгоҳи нек дорем ва итминон дорем, ки дар якҷоягӣ метавонем ба ин раванд бар нафъи ривоҷу равнақи ду кишвар ва таъмини некуаҳволии мардумонамон вусъати бештар бахшем.

Ба Шумо, муҳтарам Пётр Алексеевич, сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Украина сулҳу субот ва пешравиҳо орзумандам».

24 апрели соли 2017 Президенти Украина Пётр Порошенко ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимии маро ба муносибати 25-умин солгарди барпо гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни Украина ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.

Ба роҳи дар тӯли чоряк аср тайшудаи Украина ва Тоҷикистон назар афканда, бо қаноатмандӣ мехоҳам зикр намоям, ки миёни кишварҳои мо доир ба аксари масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ҳамеша ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дошт ва ҳамкории дуҷониба дар асоси анъанаҳои чандинасраи дӯстона ва эҳтиром фаъолона рушд мекард.

Украина омода аст, ки минбаъд низ барои густариши самараноки муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар асоси принсипҳои шарикии мутақобила ва эътирофи манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ диҳад.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақият, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон шукуфоӣ ва ризоят таманно дорам».

24 апрели соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Монголия Тсахиагийн Элбегдорж барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати 25 — солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Монголия сидқан табрику таҳният мегӯям.

Мо аз он қаноатмандем, ки тайи ин давра бар асари саъю талошҳои муштарак миёни кишварҳои мо, чӣ дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба ва чӣ дар сатҳи ҳамёрии бисёрҷониба, муносибатҳои гуногунҷанбаи нек ташаккул ёфтаанд, ки фазои эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобила хоси онҳо мебошад.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, изҳори итминон менамоям, ки равобити ду кишвари дӯст дар оянда низ ба манфиати мардумонамон бо суръати бештар рушду тавсеа хоҳанд ёфт.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, тансиҳативу комёбиҳои нав ба нав ва ба кишвари дӯсти Монголия сулҳу амонӣ ва пешрафту ­шукуфоии беш аз пеш орзумандам».

24 апрели соли 2017 Президенти Монголия Тсахиагийн Элбегдорж ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, ҷаноби Президент!

Иҷозат фармоед Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро аз номи мардуми Монголия ва шахсан аз номи худам ба муносибати 25 — солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Монголия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрик намоям.

Боиси хушнудист, ки дар давраи гузашта бо кӯшиши ҳар ду ҷониб муносиботи дуҷониба ва ҳамкории Монголияву Тоҷикистон муваффақона рушд карданд. Умедворам, ки муносиботи дӯстона миёни кишварҳоямон дар солҳои минбаъда на танҳо дар сатҳи дуҷониба, балки дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ таҳким ва густариш хоҳанд ёфт.

Муҳтарам ҷаноби Президент, иҷозат фармоед ба Шумо саломатӣ, бурдборӣ ва ба тамоми мардуми Тоҷикистон шукуфоӣ таманно намоям».

www.president.tj