17 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Ҷаноби Раис!
Хоҳишмандам, табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати дубора интихоб гардиданатон ба мансаби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин қабул фармоед.
Дастовардҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими нуфузу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо бемисланд ва интихоби якдилонаи дубораи Шумо ба ин мансаби олии давлатӣ нишонаи возеҳи дастгирии қавии роҳи сиёсии Шумо аз ҷониби ҷомеаи Чин мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, изҳори итминон менамоям, ки мо бо саъю талошҳои муштарак минбаъд низ ба рушду тавсеаи бемайлони муносиботи шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва Чин, ки ба анъанаҳои таърихии дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ такя доранд, мусоидат хоҳем кард.
Ба Шумо, муҳтарам Ҷаноби Раис, саодатмандӣ, саломатии бардавом ва муваффақиятҳои нав, инчунин ба Чини дӯст ва мардуми он сулҳ ва пешрафту шукуфоӣ орзумандам».
******
19 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович!
Дар иртибот ба пирӯзиатон дар интихоботи навбатии Президенти Федератсияи Россия хоҳишмандам самимонатарин табрикоти ин ҷонибро қабул фаромоед.
Интихоби дубораи Шумо ба ин маснади олии давлатӣ нишонаи возеҳи аз ҷониби ҷомеаи Россия пурра дастгирӣ ёфтани сиёсати Шумо, ки ба таҷдиду таъмини рушди босубот ва амнияти кафолатноки Россияи дӯст, ҳамчунин таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст, мебошад.
Дар Тоҷикистон Шуморо ба ҳайси ҷонибдори густаришу таҳкими бемайлони муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия мешиносанд ва ба шахсияти Шумо эҳтиром мегузоранд.
Итминон дорам, ки дар давраи пешомад мо бо саъю талошҳои муштарак ҳамкории гуногунҷанбаи кишварҳоямонро дар ҳама соҳаҳои ҳамдастӣ бо мазмуну мундариҷаи созандаи нав мутобиқ ба манфиатҳои дарозмуддати кишварҳо ва мардумонамон боз ҳам ғанитар хоҳем гардонид. Ҷониби Тоҷикистон қотеона омода аст, ки ҳамаи имкониятҳои дар ин ҷода мавҷударо ба роҳ андозад.
Аз сидқи қалб ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, сиҳатии комил, саодатмандӣ ва комёбиҳои зиёд дар фаъолияти минбаъдаатон дар маснади сермасъули роҳбари давлати Россия ва ба мардуми дӯсти Россияи бузург сулҳу амонӣ ва пешрафт орзумандам».
www.president.tj