6 июли соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба муносибати зодрӯзаш барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Муҳтарам Нурсултон Абишевич!
Дар ин рӯзи барои Шумо, пайвандонатон, наздиконатон ва дӯстонатон муҳим аз самими қалб ба Шумо саломатии комил, саодат, некуаҳволӣ, нерумандии бардавом ва дастовардҳои нав ба манфиати мардуми қазоқ, ки нисбат ба Пешвои миллати худ эҳтироми бузург қоиланд, таманно дорам.
Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам рушди муваффақонаи муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистону Қазоқистонро дар самти ҳамкории стратегӣ зикр намоям».
***
Ҳаштуми июли соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Латвия Эгилс Левитс барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Латвия ва оғози фаъолиятатон дар ин маснади олӣ сидқан табрику таҳният мегӯям.
Ба Шумо сиҳатмандии комилу саодатмандӣ, дар иҷрои вазифаҳоятон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Латвия сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш орзу менамоям.
Бо истифода аз фурсат изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистон ва Латвия минбаъд низ мутобиқ ба манфиатҳои мардумонамон рушду тавсеа хоҳанд ёфт».
www.president.tj