Барқияҳои табрикӣ

№38 (4300) 27.03.2021

Ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ва ҳукумати кишварҳои хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз барқияҳои табрикӣ ворид шуданд.

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар барқияи худ чунин менигорад:

«Муҳтарам ҷаноби Президент!

Дар иртибот бо фарорасии ҷашни ­анъанавии Тоҷикистон — иди Наврӯз иҷозат фармоед, то аз номи Ҳукумат ва мардуми Хитой, инчунин, шахсан аз номи худам ба Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон табрикоти самимии ин ҷонибро иброз намоям.

Соли гузашта дар пасманзари паҳншавии эпидемияи COVID -19 мардумони Хитой ва Тоҷикистон талошҳои худро муттаҳид сохта, дар бартараф кардани мушкилоти вобаста ба ин зуҳурот якдигарро саривақтӣ дастгирӣ карданд, ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегии ҳамаҷониба мусоидат намуданд, бо мақсади ноил гардидан ба натиҷаҳои самаранок пешбурди ҳамкории байни Хитой ва Тоҷикистонро таъмин карданд. Ин ҳама мисоли возеҳи густариши муносибатҳои миёни кишварҳои ҳамҷавор мебошад.

Дар аввали моҳи равон мо суҳбати телефонии сермаҳсуле анҷом додем, ки такони нав ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба бахшид. Ман ба густариши муносибатҳои Хитой ва Тоҷикистон аҳамияти хоса медиҳам ва омодаам, ки якҷо бо Шумо бо саъю талошҳои муштарак муносиботи байни кишварҳоямонро ба зинаҳои боз ҳам баландтар бароварда, шукуфоии Хитой ва Тоҷикистонро такон диҳем ва дар таъмини амнияту суботи минтақа нақши намоён гузорем.

Ба Шумо саломатӣ ва дар корҳоятон комёбиҳои бузург орзумандам.

Ба мардуми дӯсти Тоҷикистон саодатмандӣ ва некуаҳволӣ мехоҳам».

Дар табрикоти Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Ҷозеф Байден омадааст:

«Муҳтарам Президент!

Ман мехоҳам ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон Наврӯзи осоишта, шодмон ва шукуфон орзу намоям.

Соли ҷорӣ Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 — солагии шарикӣ ва ҳамкориро ҷашн мегиранд. Мо дар муқовимат бо терроризм, мубориза бо пандемия ва муҳайё намудани шароити беҳтар барои мардуми кишварҳоямон талош намудем. Маъмурияти ман бесаброна хоҳони он аст, ки бо мамлакати Шумо барои ҳалли масъалаҳои амнияти умумӣ ва амиқтар намудани ҳамкорӣ дар соли оянда, аз ҷумла ҷиҳати дастгирии талошҳо баҳри сулҳи Афғонистон, ҳамкорӣ кунад. Мо, инчунин, умед дорем, ки раванди C5+1-ро, ки таҳти роҳбарии Котиби давлатӣ Ҷон Керрӣ панҷ сол пеш оғоз ёфта буд, идома диҳем.

Ман ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон дар ин соли нав ва баҳори нав орзуҳои беҳтарини худро мерасонам».

Дар номаи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чунин навишта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Аз ирсоли таманниёти самимиву неки хеш ба Шумо ва тамоми мардуми кишваратон дар остонаи фарорасии Наврӯз — иди баҳору навсозӣ бениҳоят шодам.

Наврӯз, ки таҷассумгари ормон ва саъю талошҳои муштараки мост, дар тӯли асрҳо аз ҷониби мардумони бародари Осиёи Марказӣ ба таври шоиста таҷлил мегардад. Ин ҷашн бо муҳтавою маънавиёти амиқ эҳсоси дӯстиву ягонагӣ ва сулҳу осоишро ситоиш намуда, имрӯз низ дар густариши васеи арзишҳои умумибашарӣ саҳми бузург мегузорад.

Бешак, мулоқоту музокироти сатҳи олии мо, ки ба наздикӣ дар сарзамини тоҷикон доир мегарданд, дар ростои ба зинаи баланд баровардани муносибатҳои ҳамҷаворӣ ва ҳамкории зич, инчунин, шарикии стратегии байни кишварҳоямон, ки дар асоси усули эътимоди мутақобил ва дастгирии доимии ҳамдигар устуворанд, хидмат хоҳанд кард.

Дар ин рӯзҳои дурахшону дилрабо ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи азиз, умри дароз, саломатии бардавом, саодатмандии оилавӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон муваффақияти бузург, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу пешрафти доимӣ таманно дорам».

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Бо камоли шодмонӣ фаро расидани Наврӯзи бостонӣ, баҳори табиат ва оғози соли 1400 ҳиҷрии шамсиро ба Шумо ва миллати бузурги Тоҷикистон табрик мегӯям.

Баҳор ҳамчун наққоши забардаст, бо нақшофаринӣ бар буми табиат, рӯҳи ҳаёту тозагиро дар дилу ҷони замин медамад ва нақши саросар таровату шукуфоиро дар паҳнои кураи хокӣ мегустаронад ва Наврӯз ин оини пурмеҳру куҳан, ки илҳомбахши умед, шодмонӣ ва раҳоӣ аз ғаму андуҳ аст, баҳонаест барои нав шудан, нав нигаристан ва зиндагии дубора.

Умед дорам, мо — инсонҳо низ битавонем, ҳамчун табиат бо нав шудани фасл, баҳори тоза дар дилу ҷонамон эҷод кунем ва бо зудудани ғубори нотавонӣ ва сустӣ, мояи нишоти ҷону андеша ва саломатии танро фароҳам намоем.

Дар соле ки гузашт, шоҳиди ҳамагирии вируси COVID — 19 ва пайомади мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии зиёди он дар ҷаҳон будем. Умед дорем дар соли ҷадид бо таомулу ҳамкории беш аз пеш миёни кишварҳоямон ва бо назорату маҳви бемории каронавирус, Наврӯз ба рӯзгори навин барои мардумонамон бадал шавад ва шодӣ, баракат, саломатӣ ва оромиш ба кишварҳои ҷаҳон бозгардад.

Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақият ба Ҷаноби Олӣ ва рӯзгори пурбаракат ва аҳволи неку барои мардуми Тоҷикистонро орзу дорам».

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зимни табрикоти худ чунин овардааст:

«Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон,

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Иҷозат бидиҳед ба намояндагӣ аз мардуми Афғонистон маротиби табрикоти қалбии худро ба муносибати фарорасии Соли нави 1400 ҳиҷрӣ — шамсӣ ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба ҷалолатмаоби Шумо ва мардуми кишвари дӯсти Тоҷикистон иброз намоям.

Хушҳолам, ки мардуми Афғонистон дар канори дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва дӯс­тони байналмилалӣ ин муносибати деринаи мо, ин ҷашни бостонӣ ва мероси муштараки фарҳангиро якҷо таҷлил менамоянд.

Ҷашни Наврӯз ба унвони яке аз арзишҳои дерина дар тақвият ва таъмини дӯстӣ, якпорчагӣ, ҳамкорӣ ва наздикии миллатҳои бо ҳам бародари мо нақши ғайриқобили инкор доштааст.

Мо дар канори арҷгузорӣ ба таҷдиди шукуфоӣ ва зебоиҳои пайдо аз ин муносибати бузург орзумандии худро барои густариши равобити дӯстона ва кор рӯи барномаҳо ва лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ ба манзури пайвастагӣ, рушди иқтисодӣ ва иттиҳод баён менамоем.

Ман дар ҳамин ҳол як бори дигар ин муносибати фархундаро ба ҷалолатмаоби Шумо муборакбод гуфта, сиҳат ва саломатии ҷалолатмаоби Шумо ва саодат ва тараққии ҳар чӣ бештари мардуми Тоҷикистонро хоҳонам».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — Жомарт Токаев чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Аз самими қалб Шумо ва ҳамватанони Шуморо бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯям.

Ин иди мубораки баҳор, ки таҷассумгари ғояҳои олии маънавӣ мебошад, моро ба таҷдиди рӯҳу бунёдкорӣ ва ҳамдилӣ ҳидоят менамояд. Он қалбҳои моро саршори гармиву хушнудӣ, саодатмандӣ ва орзуву умед ба ояндаи дурахшон мекунад.

Наврӯз, чун дастоварди бузурги умумии мо, нақши муҳимро дар таҳкими риштаҳои дӯстӣ, бародарӣ ва дастгирии ҳамдигари мардумони Қазоқистон ва Тоҷикистон иҷро карда, ба таъмиқи шарикии стратегии ҳар ду давлат мусоидат менамояд.

Дар ин рӯзҳои ҷашнӣ ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар ҳама иқдомҳои некатон комёбиҳои беназир баҳри пешрафту рушди босуботи кишваратон ва ба мардуми бародари Тоҷикистон баракоту беҳбудӣ ва шукуфоӣ орзу менамоям.

Бигузор Наврӯз ба ҳар як хонадон сериву пурӣ ва некуаҳволӣ биоварад».

Нурсултон Назарбоев, Президенти аввали Ҷумҳурии Қазоқистон зимни паёми худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Лутфан самимонатарин табрикот ва таманниёти гарми ин ҷонибро ба муносибати ҷашни бузурги баҳор – Наврӯз қабул фармоед.

Бигзор сарнавишт ва табиати Наврӯзи муқаддас, ки ҳаёти дурахшонро оғоз мебахшанд, барои кишварҳои бародари мо неъмати фаровон ва иқдомҳои неки зиёдро насиб гардонанд.

Бовар дорам, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи мутаносибан судманди байни Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки бар арзишҳои маънавии умумӣ ва дӯстӣ, инчунин, шарикии стратегӣ устуворанд, минбаъд ҳам густариш хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз фурсат ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом ва дар фаъолияти сермасъулатон комёбиҳо ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу некуаҳволӣ орзу менамоям».

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар табрикоти худ гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Аз номи худ ва аз номи мардуми Озарбойҷон ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти самимиро ба муносибати ҷашни Наврӯз, ки баёнгари мероси ғании миллию маънавии мардумони мо мебошад, мерасонам.

Ин ҷашни баҳор, ки табиатро бедор мекунад, ба одамон рӯҳияи нав эҳдо карда, ҳамдигарфаҳиву дӯстӣ ва ягонагиро тантана менамояд.

Бовар дорам, ки дӯстиву ҳамкорӣ миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон мутобиқ ба орзуву иродаи мардумони мо, ки арзишҳои волои Наврӯзро дар сатҳи баланд қадрдонӣ менамоянд, минбаъд ҳам тавсеаву тақвият хоҳанд ёфт.

Дар рӯзҳои ин иди саид ба Шумо саломатии бардавому дар фаъолиятатон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям».

Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Шуморо ба муносибати фарорасии Наврӯз — иди зебои баҳор, бунёдкорӣ ва навсозӣ сидқан табрик мегӯям. Бовар дорам, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон минбаъд низ бар пояи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ба нафъи мардумонамон таҳким хоҳанд ёфт. Ҳамчунин, миннатдории самимиву амиқи худро ҷиҳати табрикотатон ба муносибати интихоб шуданам ба маснади Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон иброз менамоям.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон муваффақият, ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Дар табрику таҳнияти Президенти Турк­манистон — Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Мояи шарафмандии ман аст, ки ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба Шумо ва дар шахси Шумо ба тамоми мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти қалбии худ ва беҳтарин таманниёти рифоҳу шукуфоиро ирсол намоям.

Иди Наврӯз, ки ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири мероси фарҳангии тамоми башарият ­эътироф шудааст, рамзи эҳёи табиат, тантанаи зиндагӣ ва зебоии баҳор мебошад.

Ин ҷашни мунаввар, ки дар худ анъанаҳои эҳтироми мутақобил, сулҳдӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавориро таҷассум кардааст, дар таҳкими ваҳдату дӯстии байни мардумон аҳамияти вежа дорад.

Бигузор, ин ҷашни бошукӯҳ барои Шумо ва ҳамаи мардуми дӯсти кишваратон паёмовари саодатмандӣ, шодиву сурур ва дастовардҳои нав бошад».

Саломе Зурабишвили, Президенти Грузия зимни табрикоти худ чунин овардааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Аз самими қалб Шуморо бо фарорасии баҳор ва Иди Наврӯз табрик менамоям. Баҳор, ин айёми бедоршавии табиат, пурра кардани он бо ҳаёту неруи нав мебошад. Наврӯз, ин рӯзи нав, ҳамчунин, рамзи умед ба ояндаи беҳтар мебошад.

Ҷаноби Президент, бо истифода аз фурсат мехоҳам Шуморо ҷиҳати боздид аз Грузия бо сафари расмӣ дар нимаи дуюми соли ҷорӣ дар ҳар вақти бароятон муносиб даъват намоям.

Бовар дорам, ки сафари Шумо муносиботи дӯстии миёни Грузия ва Тоҷикистонро тақвият бахшида, васеъ хоҳад гардонд.

Ҷаноби Олӣ, мехоҳам ба Шумо эҳтиромоти амиқтарини худро иброз намуда, ба Шумо ва мардуми дӯсти тоҷик сиҳатмандӣ ва некуаҳволӣ орзу намоям».

Дар табрику таҳнияти Президенти Давлати Исроил Реувен Ривлин чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Аз номи мардум ва давлати Исроил мехоҳам, ба Шумо, оилаи Шумо ва мардуми Тоҷикистон Наврӯзи фархундаву пурбор аз саломатиро табрик гӯям.

Бигузор, мардуми тоҷик аз ҳосилоти фаровони баҳори ғановатманду дарёҳои сероб баҳра бардоранд ва аз эҳдои табиат баракат ёбанд.

Мардумони Тоҷикистону Исроил тайи ҳазорсолаҳо фарорасии баҳор ва оғози соли навро бо эҳёи табиат бо тамоми шукӯҳу шаҳомат ҷашн мегирифтанд.

Ҳангоме ки мо ҷашнҳои Наврӯзу Песаҳро таҷлил менамоем, гузаштаи куҳан ва ­анъанаҳои ниёгони мо, муттаҳидии кишварҳои моро идома дода, ҳамчун заминаи устувори таъмиқи муносибатҳои дуҷонибаи мо боқӣ мемонанд.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».

Дар номаи табрикотии Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимии маро ба муносибати Наврӯз – ҷашни баҳор ва фарорасии Соли нав, ки таърихи бисёрсола дорад ва рамзи эҳё, эътимод ба оянда, муҳаббат ва покӣ мебошад, қабул фармоед.

Давлатҳои аъзои СААД ба сиёсати хориҷии муттасили сулҳхоҳонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таҳкими субот ва амнияти минтақавӣ равона шудааст, эҳтироми амиқ мегузоранд.

Кӯшишҳо ва ибтикороти раёсати Тоҷикис­тонро дар СААД дар соли ҷорӣ, ки, бешубҳа, ба таҳкими муносибатҳои иттифоқӣ байни кишварҳои СААД мусоидат менамоянд, баҳои баланд медиҳем.

Дар рӯзҳои ин ҷашни фархунда ба Шумо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом, хушбахтию бурдборӣ ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Дар табрику таҳнияти Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Лутфан табрикоти самимонаи манро ба муносибати Рӯзи байналмилалии Наврӯз қабул фармоед.

Ин иди зебои эътидолии баҳории шабу рӯз ҷиҳати ҳаракат ба сӯи ҳамоҳангии инсон ва табиат мусоидат намуда, пулҳои устувори дӯстиву ҳамкориро бунёд сохта, муколамаи фарҳангу тамаддунҳоро рушд дода, ғанӣ мегардонад ва ба ташаккули ояндаи амну шукуфон мусоидат менамояд, ки комилан ҷавобгӯи усули «рӯҳияи Шанхай» мебошад.

Ҷашни Наврӯзи муосир дар Тоҷикистон, ки дар он фарорасии баҳорро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва рӯҳияи баланд истиқбол мегиранд, давомати анъанаҳои худро нигоҳ доштааст.

Бо истифода аз фурсат ба Шумо сипоси самимии худро барои таваҷҷуҳи доимиатон ба фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай изҳор менамоям.

Итминон дорам, ки оғози муваффақи раёсати Тоҷикистон дар созмон дар соли барои он ҷашнӣ, инчунин дастгирии Шумо аз рушди ҳамкории гуногунсамт дар доираи СҲШ бар нафъи тақвияти имкониятҳои он ҷиҳати ҳаллу фасли вазифаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ хидмат хоҳанд кард.

Мехоҳам омодагии Котиботи созмонро ба расонидани мусоидати зарурӣ  ҷиҳати дар сатҳи олитарин баргузор намудани чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии созмон, ки дар нақшаи чорабиниҳои СҲШ барои солҳои 2021- 2022 муайян гардидаанд, изҳор намоям.

Иҷозат фармоед, дар остонаи ин иди фирӯз ба Шумо саломатии комил, саодатмандӣ, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо дар роҳи таъмини шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон орзу намоям».

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Президенти кишвар ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз идома доранд.

www.president.tj