Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз

№ 21.03.2025

 Дар иртибот ба фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз номи як қатор сарони давлатҳо ва роҳбарони Ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз паём ва барқияҳои шодбошӣ ворид мегарданд. Дар онҳо, аз ҷумла омадааст:  

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Самимонатарин табрикоти инҷонибро ба муносибати ҷашни навбаҳорӣ  — Наврӯз лутфан бипазиред.

Муносибатҳои Русияву Тоҷикистон дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ бомуваффақият рушд карда истодаанд. Итминон дорам, ки мо бо талошҳои муштарак минбаъд ҳам робитаҳои дуҷонибаи мутаносибан муфидро бар нафъи мардумони ба ҳам дӯсти мо ва мутобиқ ба манфиатҳои таҳкими амният ва субот дар Осиёи Марказӣ ба таври фаъол ва афзоянда тақвият хоҳем бахшид.

Дар ин рӯзҳои фирӯзи ҷашнӣ аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом ва комёбиҳо, ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон саодатмандӣ ва шукуфоӣ орзу менамоям».

Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия

******

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Ҷаноби Олӣ,

Барои табрикотатон ба муносибати Соли нави аз рӯи тақвими чинӣ миннатдории самимӣ баён мекунам. Иҷозат фармоед ба муносибати иди анъанавии Тоҷикистон — Наврӯз аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мардуми Чин Шумо ва мардуми Тоҷикистонро самимона табрик намоям.

Моҳи июли соли гузашта ман ба Тоҷикистон сафари давлатӣ доштам, ки зимни он бо Шумо суҳбати самимӣ ва дӯстона анҷом дода, оид ба равобити Чину Тоҷикистон ва ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои гуногун тавофуқоти муҳим ба даст овардем ва рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистонро дар доираи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегӣ дар давраи нав эълон намудем. Хушҳолам, ки тавофуқоти бадастомадаи миёни мо боиси натиҷаҳои мушаххас дар ҳамкорӣ гардиданд, ки барои мусоидат ба рушду эҳёи Чину Тоҷикистон ба нафъи мардумони ду кишвар муфид мебошанд.

Ман ба рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон аҳамияти хосса зоҳир менамоям, дӯстии қавӣ бо Шуморо қадр мекунам ва омодаам, ки якҷо бо Шумо барои ноил шудан ба натиҷаҳои нав дар самти бунёди Ҷомеаи сарнавишти муштараки Чину Тоҷикистон саъю кӯшиш анҷом диҳам.

Ба Шумо саломатии бардавом ва дар фаъолияти муҳиму пурмасъули давлатиатон комёбиҳои бузург ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон хушбахтӣ ва некуаҳволӣ орзу дорам!».

Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин

******

 «Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Аз номи мардуми Амрико ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон Наврӯзи пурфайзро таманно дорам. Ин ҷашни сулҳ, шукуфоӣ ва навсозиҳо барои ҳамагон мебошад.

Ман, инчунин, Шуморо бо делимитатсияи сарҳад бо Ҷумҳурии Қирғизистон табрик мегӯям. Ин муваффақияти азимест, ки ба ҳарду кишвар манфиати калони иқтисодӣ ва амниятӣ меоварад. Мардуми Амрико ин созишномаи муҳимро, ки барои ҳамагон сулҳу осоиш меоварад, кафкубӣ менамояд.

Ман ҳамкориҳоямонро дар бисёр масъалаҳо қадрдонӣ мекунам ва умед дорам, ки минбаъд ҳам барои таҳкими амнияти ҳарду давлати бузургамон якҷоя кор хоҳем кард.

Чун кишварҳоямон ба сӯи ояндаи сарватмандтар ва беҳтар пеш мераванд, Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ҷонибдори содиқи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон боқӣ мемонад».

Доналд Ҷ. Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

*****

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Бародари азиз!

Сидқан шодам, ки Шумо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни дарпешистодаи бедоршавӣ ва эҳёи баҳор, Соли нави шарқӣ — Наврӯз, ки барои халқҳои мо бениҳоят арзишманд аст, табрик мегӯям.

Мардумони Узбекистон ва Тоҷикистон ин ҷашни бостониро, ки дар тӯли асрҳо арзишҳо ва анъанаҳои зиндагии моро таҷассум мекунад, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти маънавӣ, ифодаи некӣ ва рамзи муосирият пешвоз мегиранд.

Ҷашни Наврӯз барои таҳкими усулҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии нек ва ризоияти мутаносибаи байни халқҳои мо, ки бо риштаҳои муштараки чандинасра пайванданд, аҳамияти хосса дорад.

Итминон дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак ва муколамаи сатҳи олӣ шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии мо дар руҳияи эътимод ва дастгирии ҳамдигар минбаъд низ босамар рушд меёбанд.

Дар ин рӯзҳои  фараҳманду фирӯз ба Шумо саломатии бардавом, саодати оилавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳои нав, инчунин ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу субот ва рушди устувор орзумандам».

Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон

*****

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Аз номи мардуми Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фарорасии иди Наврӯз самимона табрик мегӯям.

Ин ҷашни фархундаю фараҳбахш рамзи эҳёи баҳории табиат, ваҳдату ризоият ва сулҳу шукуфоӣ мебошад. Он анъанаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни ҳалқҳоямонро таҷассум карда, моро бо риштаҳои бародарона ва таърихи муштарак муттаҳид менамояд.

Итминон дорам, ки ҳамкории кишварҳои мо дар ҳама сатҳҳо, ки бар эътимоди ҳамдигарӣ, дӯстӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ асос ёфтааст, минбаъд низ ба нафъи ояндаи дурахшони халқҳоямон идома хоҳад ёфт.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақият, инчунин, ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам».

Содир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон

*****

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистонро бо иди Наврӯз аз самими қалб табрик мегӯям!

Ин иди фируз, ки кишварҳои моро бо анъанаҳои чандинасраи дӯстии воқеӣ ва эҳтироми ҳамдигар мепайвандад, рамзи эҳёи табиат мебошад. Бигзор дар ин рузи бузург ваҳдати халкҳоямон афзун шавад ва шодию хурсандии онҳо дучанд гардад.

Бовар дорам, ки арзишҳои меросии Наврӯз ба рушди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатии мо, ки ба некуаҳволии халқҳоямон ва расидан ба ҳадафҳои олӣ нигаронида шудаанд, мусоидат менамояд.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахш ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом ва неруи бепоён, ба хонаводаатон хушбахтӣ ва ба мардуми бародари Тоҷикистон некуаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу дорам».

Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон

*****

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Шуморо бо иди бузурги баҳор – Наврӯз табрик мегӯям!

Бигзор ин иди баҳор дӯстӣ ва ваҳдати халқҳои моро таҳким бахшида, ба ҳар хонадон шодиву фаровонӣ орад. Бигзор Наврӯз, ки бар арзишҳо ва анъанаҳои муштараки мо асос ёфтааст, ба кишварҳоямон некиву шукуфоӣ оварад.

Дар ин рӯзи фархунда, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо саломатии бардавом, ба аҳли оилаатон некуаҳволӣ ва ба мардуми бародари Тоҷикистон шукуфоӣ ва суботро хоҳонам».

Нурсултон Назарбоев,  Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон

*****

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми халқи бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният ва орзуҳои беҳтарини инҷонибро ирсол менамоям!

Ин ҷашни наҷиб, ки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба таври васеъ таҷлил мешавад, оғози баҳор ва бедории табиат аст. Наврӯз дар таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни халқҳо ва фарҳангҳои гуногун нақши калидӣ дорад. Ин ҷашни фархунда рамзи умед буда, ба созандагӣ ва таҳкими ҳиссиёти башардӯстӣ дар ҷаҳон илҳом мебахшад.

Бигзор ин иди фархунда барои Шумо ва тамоми халқи кишвари Шумо бо хушбахтӣ, шодӣ ва муваффакиятҳои нав хотирмон гузарад!».

Сердар Бердимуҳамедов, Президенти Туркманистон

*****

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Шарафмандам, ки ба Шумо ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз табрикоти самимӣ ва беҳтарин орзуҳои худро ирсол менамоям!

Иди байналмилалии Наврӯз, ки дар рӯзҳои баробаршавии шабу рӯз таҷлил карда мешавад, аз қадимтарин мероси фарҳангии башарият ба шумор меравад. Ин ҷашни наҷиб, ки решаи ҳазорсолаҳо дорад, на танҳо бедории табиат, балки рамзи эҳтироми ҳамдигар, ҳамзистии осоишта, ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳнатдӯстӣ мебошад.

Бигзор ин ҷашни фархунда барои Шумо ва тамоми мардуми кишвари Шумо сулҳ, шодӣ ва комёбиҳои нав орад!».

Гурбонгули Бердимуҳамедов, Пешвои миллии мардуми туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон

*****

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Шодам, ки Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистонро бо ҷашни Наврӯз, ки решаҳои амиқи миллӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ дорад, самимона табрик мегӯям.

Ин ҷашн, ки тӯли ҳазорсолаҳо бо илҳом ва шодии бузург таҷлил мешавад, ифодагари бедории замин, зиндашавии табиат ва эҳёи инсоният мебошад. Бигзор қадамҳои Наврӯз муборак бошанд ва ба халқҳои бародари мо беҳбудӣ оваранд!

Итминон дорам, ки шарикии стратегии Озарбойҷон ва Тоҷикистон, ки аз таърихи муштарак ва арзишҳои ғании миллию маънавии мо маншаъ мегирад, бо шарофати заҳматҳои муштараки мо минбаъд низ рушду таҳким хоҳад ёфт.

Дар ин рӯзҳои ҷашнии соҳибқадр ба Шумо саломатии бардавом, саодат ва дар фаъолияти олимақоми давлатиатон комёбиҳои минбаъда ба нафъи Ҷумҳурии бародарии Тоҷикистон ва халқи он орзу дорам».

Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон

*****

«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон

Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фарорасидани Иди саиди бостонии Наврӯз, ҳангомаи рӯиши муҷаддади табиат ва умед ба ояндае неку оғози соли 1404 ҳиҷрии шамсиро (2025) ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми азизи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Баҳор, нуқтаи эътидоли табиат ва хостгоҳи меҳрубонй, ҳамдилӣ ва тароват аст. Умедворам дар соли ҷадид, шоҳиди таҳаввуле шигифтангез дар муносиботи ду кишвар ва ҳолу аҳволи зиндагии миллатҳоямон бошем.

Аз Худованди мутаол, саломатӣ ва муваффақияти Ҷаноби Олй, беҳрӯзй ва шодкомии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин тавсеаи беш аз пеши равобиту ҳамкориҳои кишварҳои ҳавзаи тамаддунии Наврӯзро орзу дорам».

Масъуди Пизишкиён Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон

*****

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли мамнуният, паём ва таманниёти неки худро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, наздиконатон ва ба тамоми мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Наврӯз иброз менамоям.

Наврӯз ин қисми гиромидошти таърих ва фарҳанги минтақаи мо мебошад. Наврӯз бо тарғиби арзишҳои умед, ҳамбастагӣ ва ҳамфикрӣ имкон медиҳад, ки риштаҳои дӯстӣ барқарор шаванд. Маҳз дар ҳамин руҳия ман бори дигар таъкид менамоям, ки Покистон барои дар солҳои оянда боз ҳам таҳким бахшидани муносибатҳои бародаронаи мо азму иродаи қавӣ дорад.

Ман сафари  худро ба кишвари арҷманди Шумо моҳи июли соли гузашта бо мамнуният ёд мекунам. Ҷаноби Олӣ, дар наздиктарин фурсати муносиб ба Шумо, мехоҳам Шуморо дар Исломобод хайрамақдам гуям.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми олии маро қабул кунед».

Муҳаммад Шаҳбоз Шариф, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон

*****

«Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу

Боиси хушнудист, ки Ҷаноби Олиро ба муносибати ҷашни Наврӯз самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломатию саодатмандӣ, ба Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистони бародар пешравӣ ва шукуфоии минбаъдаро орзу намоям.

Дуруд ва қадрдонии маро лутфан бипазиред».

Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Подшоҳии Арабистони Саудӣ

*****

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Шуморо аз номи Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва шахсан аз номи худам бо фарорасии Наврӯз — яке аз ҷашнҳои қадима, ки фаро расидани баҳорро ифода карда, рамзи зиндагӣ ва талош барои сулҳу осоиштагӣ мебошад ва ҳамоҳангӣ бо табиатро таҷассум намуда, идомаи анъана ва наслҳост, самимона табрик мегӯям!

Мо нақши барҷастаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими амнияти минтақавӣ ва саҳми шахсии Шуморо дар рушди тадриҷии Созмони мо ва таҳкими муносибатҳои ҳампаймонӣ дар доираи СААД баланд арёзбӣ менамоем.

Иҷозат фармоед дар ин рӯзи фархундаи баҳорӣ ба Шумо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавом ва некуаҳволӣ, инчунин, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзу намоям!”

Дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмагамбетов

*****

Барқияҳои табрикӣ, ҳамчунин, ворид гардиданд:

аз номи Президенти Давлати Фаластин Маҳмуд Аббос, Валиаҳд, Раиси Шурои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Дабири кулли Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Дмитрий Кобитский.

Воридшавии паём ва барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.