Барқияҳои тасаллӣ

№6 (4902) 08.01.2025

Стандарти Садои мардум Китай7-уми январи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Сӣ Ҷинпин барқияи тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта ­мешавад:

 «Муҳтарам ҷаноби Раис,

Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон, ҳамзамон, ворид гардидани хисороти сершумор ба бинову иншоот дар навоҳии ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин бар асари заминларзаи харобиовар боиси андуҳи инҷониб гардид.

Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Чин ҳамдардӣ ва тасаллияти самимии хешро иброз менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».

 

Ҳафтуми январи соли 2025 ­Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Летсзӣ барқияи тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

Стандарти Садои мардум копия2 Рустам Хитой копия«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон бар асари заминларзаи шадид дар минтақаи ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Дар робита ба оқибатҳои фоҷиабори ин офати табиӣ ҳамдардии самимии ҷониби моро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми дӯсти Чин иброз дошта, ба пайвандону наздикони фавтидагон сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хоҳонам.

Бо изҳори таассуф,  Рустами ЭМОМАЛӢ».