Барқияҳои тасаллӣ

№№11 (4907) 24.01.2025

Стандарти Садои мардум тасалли Эрдугон22-юми январи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ҷон бохтан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари сӯхтор дар меҳмонхонаи осоишгоҳи Карталкая дар музофоти Болуи Ҷумҳурии Туркия боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Дар робита ба ин ҳодисаи фоҷиабор ҳамдардиву тасаллияти самимии инҷонибро ба Шумо, мардуми Туркияи дӯст ва пайвандону наздикони фавтидагон иброз намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

Стандарти Садои мардум копия2 Рустам копияРаиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри ­Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси ­бузурги миллии Туркия ­ҷаноби Нуман ­Куртулмуш барқияи тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Раис,

Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари сӯхтор дар меҳмонхонаи музо­фоти Болуи Ҷумҳурии Туркия моро сахт андуҳгин намуд. Дар робита ба ин фоҷиа, ба Шумо ва наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардии амиқи худро изҳор намуда, ба осебдидагон шифои оҷил хоҳонам.

Бо изҳори таассуф, Рустами ЭМОМАЛӢ».