Барқияҳои тасаллият

№64 (4326) 12.05.2021

10 майи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷалолатмаоб!

Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта бо шумули духтарони наврас дар натиҷаи ҳамлаи мудҳиш ва разилонаи террористон дар қисми ғарбии Кобул боиси андуҳи амиқ ва нафрати беандозаи мо гардид.

Чунин амали хушунатомези золимона ва маргбор, ки неруҳои аҳриман дар рӯзҳои охири моҳи шарифи Рамазон ба он даст задаанд, нобахшиданист. Мо ҳама гуна зуҳуроти терроризму ифротгароиро қатъиян маҳкум намуда, боз ҳам зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи беамонро бо ин хатарҳои глобалии даврони муосир таъкид менамоем.

Дар ин рӯзҳои мотамбор тасаллият ва ҳамдардии самимии худ ва мардуми Тоҷикистонро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон, ҳамчунин, ба тамоми мардуми бародари Афғонистон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол шифои комили ҳамаи осебдидагонро масъалат дорам».

11 майи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович!

Хабари фоҷиабори амалкарди бераҳмонаи зӯроварӣ болои талабагон ва кормандони мактаби таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Қазон боиси андуҳ ва нафрати амиқи мо гардид.

Таъзия ва тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

www.president.tj