Барқияҳои тасаллият

№ 22.07.2021

16 июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари обхезиҳои шадид дар натиҷаи боришоти зиёд дар кишвари дӯст, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, моро сахт андӯҳгин намуд.

Аз ҷаноби Президент хоҳиш дорам, ки ҳамдардии самимии моро ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Федеративии Олмон бирасонанд.

Ба наздикону пайвандони қурбоншудагон тасаллияти самимии хешро изҳор намуда, ба онҳо сабри ҷамил ва ба ҳамаи осебдидагон аз офати табиӣ шифои комил хоҳонам».

***

17 июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Белгия Филипп барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат!

Хабари рӯй додани селу обхезиҳои шадид дар манотиқи гуногуни Белгия, ки муҷиби талафоти ҷонӣ шуда, хисороти зиёди моддиро ба бор овардаанд, боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Хоҳишмандам маротиби тасаллият ва ҳамдардии моро дар иртибот ба марги фоҷиавии шаҳрвандон бипазиред. Орзуманди шифои комили осебдидагон ва рафъи ҳар чӣ зудтари оқибатҳои харобиовари боришоти шадид ҳастем».

www.president.tj