20-уми майи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари олии Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Олиҷаноб,
Хабари даргузашти фоҷиавии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш боиси андуҳи гарони мо ва тамоми мардуми Тоҷикистон гардид.
Мо ба шахсияти Сайидиброҳим Раисӣ ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ арҷ мегузорем, саҳми созандаи зиндаёдро дар рушду нумӯи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон, ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ менамоем.
Дар робита ба ин талафоти бузург ба Шумо, Олиҷаноб, мардуми дӯсту бародари Эрон, аҳли хонавода ва наздикони фавтидагон ҳамдардӣ ва тасаллияти самимии инҷонибро иброз менамоям.
Аз Худованди мутаол барои шаҳидшудагон раҳмату мағфират ва ба мардуми кишвари дӯсти Эрон сабри ҷамил хоҳонам.
Дар ин лаҳзаҳои ғамангез дар канори Эрон ва мардуми он ҳастем».
20-уми майи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммад Мухбир барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари фоҷиавии даргузашти Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш бар асари суқути чархбол боиси андуҳи амиқи мо ва тамоми мардуми Тоҷикистон гардид.
Мо ба шахсияти арбоби барҷастаи давлатӣ Сайидиброҳим Раисӣ арҷ мегузорем ва нақши ӯро дар густаришу таъмиқи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Эрон ва ҳалли масоили умдаи минтақавию байналмилалӣ қадр мекунем.
Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсту бародари Эрон, пайвандону наздикони шаҳидшудагон ҳамдардӣ ва тасаллияти самимии инҷонибро изҳор намуда, аз Худованди мутаол сабри ҷамил хоҳонам.
Дар ин лаҳзаҳои ғамангез дар канори Эрон ва мардуми он ҳастем».
www.prezident.tj