Барқияҳои тасаллият

№89 (3390) 01.07.2015

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи бисту шашуми июни соли 2015 ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович!

Бо андӯҳи амиқ хабари даргузашти яке аз ходимони барҷастаи муосири Россия, собиқ Сарвазир ва собиқ вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Примаков Евгений Максимовичро дарёфтам.

Евгений Максимович ҳамчун ходими барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъолияти пурсамар ва ҳадафмандонаи худро ба пойдории ризоият дар ҷомеа, рушди иқтисодии Россия ва тақвияти нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ равона намуда, на танҳо дар кишвари худ, балки дар хориҷи дури он соҳиби эҳтироми хос гардидааст. Ӯ дар ҷаҳон ҳамчун сиёсатмадоре, ки барои ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бисёр талош кардааст, машҳур буд.

Дар Тоҷикистон Евгений Максимовичро ҳамчун сиёсатмадори муваффақ, дипломат, олим ва фарзанди фарзонаи халқи Россия мешиносанд. Ӯ дӯсти самимии Тоҷикистон буд. Мардуми сипосгузори тоҷик саҳми ин сиёсатмадору дипломати қатъӣ ва дурбин, инсони ошкору некро дар ба даст овардани сулҳ ва ризоият дар сарзамини мо ҳамеша ёд хоҳад кард.

Дар робита ба талафоти бебозгашти Россия тасаллияти амиқи худро ба халқи ин кишвар изҳор дошта, аз Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳиш менамоям, ки ҳамдардии самимии моро ба пайвандон ва наздикони марҳум расонед».

***

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи бисту ҳафтуми июни соли 2015 ба Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Волоҳазрат!

Бо камоли андӯҳ хабари таркиш дар яке аз масҷидҳои пойтахтро, ки муҷиби ҳалокат ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрвандони бегуноҳ гаштааст, дарёфт намудам.

Ин амали террористии ғайриинсонӣ, ки онро бо ягон далелу бурҳоне ҳақ баровардан мумкин нест, боз як намунаи аъмоли зишти ҷиноятпешагони касбист, ки муборизаи беамон бо онҳо вазифаи ҳар як фарди огоҳ аст. Тоҷикистон омода аст дар ин ҷода ҳамкориҳои густурдаеро ба роҳ монад.

Бо ибрози тасаллият ва таъзияи самимӣ ба Волоҳазрат хоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикони қурбониён бирасонанд, ки онҳоро Худованд сабри ҷамил ато фармояд.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун».

***

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи бисту ҳафтуми июни соли 2015 ба Президенти Ҷумҳурии Тунис Баджи Қаид ас-Себси барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари даҳшатангези амали зишти террористӣ дар яке аз меҳмонхонаҳои кишвар, ки муҷиби ҳалокати даҳҳо сайёҳон гардидааст, моро андӯҳгин сохт.

Бо ибрози тасаллият ва таъзияи самимӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози омодагӣ менамояд, ки дар саъю талошҳои дастаҷамъонаи башарият ҷиҳати гирифтани пеши роҳи чунин ҷиноятҳои ғайриинсонӣ ширкати фаъол намояд, то оромӣ ва осудагии бани Одам таъмин гардад.

Хоҳишмандам, ҳамдардии самимонаи моро ба наздикони қурбоншудагон бирасонед.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун».

www.president.tj