Барқияҳои тасаллият

№146-147 (3447-3448) 30.10.2015

28 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари зилзила дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки боиси ҳалокати садҳо ва захмӣ шудани зиёда аз ду ҳазор шаҳрвандони кишвар ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андӯҳгин намуд.

Аз номи худ, Ҳукумат ва тамоми халқи Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Покистон ҳамдардии амиқ изҳор намуда, ба наздикони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаол сабри ҷамил ва ба  маҷрӯҳшудагон шифои комил хоҳонам».

***

28 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷалолатмаоб!

Бо камоли андӯҳ хабари рух додани заминларзаро дар якчанд манотиқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки сабаби ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва зарари бузурги моддӣ гардидааст, дарёфт намудам.

Бо ибрози ҳамдардии самимӣ ба мардуми бародари Афғонистон аз Худованди мутаол масъалат дорам, ки ба наздикони қурбоншудагон сабри ҷамил ато фармояд».

 www.president.tj