Барқияҳои тасаллият

№41-42 (3521-3522) 28.03.2016

19 марти соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович!

Хабари садамаи мудҳиши ҳавопаймои мусофирбар дар фурудгоҳи Ростови лаби Дон, ки боиси марги даҳҳо нафар одамон гардид, моро ба изтироб овард.

Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Россияи дӯст ҳамдардии амиқ изҳор медорам.

Аз Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳишмандам, ки ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон расонед».

****

22 марти соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Белгия Филипп Леополд Людовик Мария барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Аълоҳазрат!

Хабари мудҳиши силсилаи таркишҳои фоҷиабори террористиро дар фурудгоҳ ва метрои шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия, ки муҷиби ҳалокати даҳҳо мардуми бегуноҳ ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандон гаштаанд, бо андӯҳи бузург дарёфтам.

Мавҷи даҳшатангезу ғайриинсонии амалҳои террористӣ, ки имрӯзҳо кишварҳои гуногуни оламро фаро гирифтаанд, боиси нигаронии шадиди аҳли сайёра гардида, бори дигар зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи ин вабои аср қотеъона таъкид менамояд.

Бо изҳори таъзияву тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Шоҳигарии Белгия ва ҳамдардии амиқ ба наздикони қурбоншудагон орзуманди шифои комили осебдидагон ҳастем».

****

28 марти соли 20116 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари фоҷиабори ҳалокати даҳҳо мардуми бегуноҳ, минҷумла занону кӯдакон ва ҷароҳати вазнин бардоштани садҳо нафар бар асари таркиши даҳшатангез дар шаҳри Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон боиси андӯҳи бузург ва нафрати беандозаи инҷониб гардид.

Мо бо нигаронии шадид ин амали ваҳшиёнаи неруҳои аҳриманиро қатъиян маҳкум намуда, ҳамбастагии худро бо талошҳои минтақавию ҷаҳонӣ баҳри тақвияти муборизаи беамон алайҳи терроризм ва ифтротгаройӣ таъкид менамоем.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба халқи кишвари дӯсти Покистон ва наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем».

 www.president.tj