12 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ!
Дар робита ба ҳалокати даҳҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Туркия ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди онҳо бар асари таркишҳои фоҷиабор дар назди варзишгоҳи шаҳри Истанбул тасаллияти инҷонибро ба мардуми дӯсти Туркия ирсол медорам.
Мо ин амали интиҳории ғайриинсониро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгаройӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамоем.
Бо изҳори ҳамдардии амиқ ба аҳли наздикони фавтидагон орзуманди шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем».
* * *
12 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари фоҷиабори ҳалокати даҳҳо нафар мардуми осоишта ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвари дӯсти Миср бар асари таркиши даҳшатангез дар калисои ҷомеи қибтиҳо дар шаҳри Қоҳира боиси андӯҳ ва нафрати беандозаи инҷониб гардид.
Мо бо нигаронии шадид ин амали ғайриинсонии неруҳои аҳриманиро қатъиян маҳкум карда, ҳамбастагии худро бо талошҳои минтақавию ҷаҳонӣ баҳри маҳви терроризм ва ифротгаройӣ таъкид менамоем.
Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем».
www.president.tj