Барқияи ҳамдардӣ

№85 - 86 (3565-3566) 02.07.2016

29 июни соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп ­Тайип ­Эрдоган барқияи ҳамдардӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари мудҳиши ҳалокат ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардумро бар асари ҳамлаи фоҷиабори террористони маргталаб дар фурудгоҳи ба номи Отатюрки шаҳри Истанбул бо андӯҳи бузург дарёфтам.

Мо ин амали ғайриинсонии ифротиён ва ҳама гуна зуҳуроти терроризмро, ки аслан на дин дораду на ватану на миллат, қатъиян маҳкум намуда, бо нигаронии шадид зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи ин вабои аср боз ҳам таъкид менамоем.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор менамоем ва хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем».

 www.president.tj