21 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам барқияи ҳамдардӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Хабари реҳлати бармаҳали Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чан Дай Куанг боиси андуҳи мо гардид.
Бо фаъолияти фидокоронаи худ дар маснади олии Президенти кишвар ва дигар вазифаҳои давлатии муҳим Чан Дай Куанг соҳиби иззату эҳтироми ҳамватанонаш гашта, дар арсаи байналмилалӣ обрӯву эътибори баланд пайдо карда буд.
Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум, ҳамчунин, ба Ҳукумат ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам, таъзияи амиқ ва ҳамдардии худро иброз менамоям».
www.president.tj