Барқияи ҳамдардӣ

№108 (4370) 31.08.2021

28 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим–Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич!

Хабари таркишҳои фоҷиабор дар қисми ҳарбии воқеъ дар вилояти Ҷамбули Ҷумҳурии Қазоқистон боиси андуҳи мо гардид.

Аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ҳамдардӣ ва тасаллияти самимии моро ба наздикону пайвандони қурбониёни ин фоҷиаи фавқулода бирасонед. Барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

www.president.tj