Барқияи изҳори тасаллии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ

№152 (4735) 18.12.2023

16 декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Хабари даргузашти Амири Давлати Кувайт Шайх Наввоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ боиси ғояти ҳузну андӯҳи мо гардид.

Шодравон ходими барҷаставу муваффаки сиёсиву давлатӣ ва яке аз  шахсиятҳои намоён дар минтақа ва ҷаҳон буданд.

Марҳум ҳамчун сарваре, ки ҷиҳати густариш ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт саҳм гузоштааст, ҳамеша дар хотироти мо боқӣ мемонад.

Вобаста ба ин талафоти гарон, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи инҷонибро ба мардуми бародари Кувайт баён намуда, ба наздикон ва пайвандони марҳум таслияти самимии хешро изҳор менамоям.

Парвардигор марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад.

Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун».