Ҳафтуми апрели соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов номаи ҳамдардӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Гурбангулӣ Мяликгулиевич!
Хабари даргузашти модари соҳибэҳтироми Шумо – Огулабад Эдже боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Дар иртибот ба ин талафоти гарон хоҳишмандам изҳори тасаллии самимӣ ва таъзияи амиқи ин ҷонибро қабул фармоед. Дар ин рӯзҳои вазнин ба Шумо ва пайвандону наздикони Шумо матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам».