19-уми декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Раис,
Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон, ҳамзамон зарар дидани бинову иншооти сершумор бар асари заминларзаи шадид дар музофотҳои Гансу ва Тсинхаи Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси андӯҳи амиқи мо гардид.
Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба Шумо ва наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».