16 январи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал муҳтарам Бидхя Деви Бхандари барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Хонуми Олиҷоҳ,
Хабари талафоти зиёди ҷонӣ бар асари суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Непал боиси андӯҳи амиқи мо гардид.
Дар иртибот ба пайомадҳои вазнини ин фоҷеаи фалокатбор ба Шумо ва ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти самимии ин ҷонибро иброз менамоям».