19-уми декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Шуморо бо пирӯзии баҳснопазиратон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср сидқан табрику муборакбод менамоям. Лутфан, таманниёти самимии инҷонибро ба ин муносибат бипазиред.
Натиҷаҳои ин интихобот боз як далели эътимоди баланди ҷомеа ба фаъолияти давлатии Шумо, обрӯву эътибори муътабари сиёсиатон буда, намунаи барҷастаи дастгирӣ ёфтани сиёсати давлатиатон аз ҷониби мардуми Миср мебошад, ки ба рушди бемайлони кишвар ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст. Бовар дорам, ки тайи давраи пешомад Шумо дар роҳи идораи муваффақи Мисри ба мо дӯст ба дастовардҳои навин ноил хоҳед гардид.
Густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Миср рукни муҳими сиёсати хориҷии давлати моро ташкил медиҳад.
Итминон дорам, ки мо бо амалҳои муштараки пайваста ҳамкории созандаи Тоҷикистон ва Мисрро дар оянда низ босамар пеш бурда, онро мутобиқ бо манфиатҳои аслии мардумонамон бо мазмуну мӯҳтавои нав ғанӣ хоҳем гардонид.
Омодагии инҷонибро ҷиҳати талошҳои минбаъда дар ин ҷода таъкид намуда, аз Шумо, ҷаноби Президент, ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон дар фурсати бароятон муносиб муҷаддадан даъват ба амал меорам.
Бо камоли самимият ба Шумо сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои нави бузург, ба мардуми бародари Миср сулҳу некӯаҳволӣ ва шукуфоии пойдор орзу менамоям».