Барқияи табрикӣ

№74(3375) 29.05.2015

Бисту ҳаштуми майи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Илҳом Ҳайдарович!

Барои ман боиси қаноатмандист, ки ба Шумо табрикоти самимонаро ба муносибати солгарди Ҷашни миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон ирсол медорам.

Бо шарофати татбиқи амиқи хатти машӣ ва рушди босуботи иқтисодӣ, имрӯз Озарбойҷон дар худ кишвари рушдёбандаро таҷассум намуда, бо қатъият ба самти пешрафт ва созандагӣ пеш меравад.

Кишварҳои моро решаҳои таърихии дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила бо ҳам мепайванданд. Мо ба дурнамои ҳамкориҳои манфиатовари Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳамаи самтҳо хушбинона нигариста, омодаем, ки кӯшишҳои заруриро барои татбиқи иқтидори бузурги он равона созем. Мутмаинам, ки мо дар якҷоягӣ метавонем муносибатҳоямонро ба манфиати кишварҳоямон ва мардумони он инкишофи бештар бахшида, ҳадафҳоямонро амалӣ намоем.

Дар ин рӯзи тантанавӣ мехоҳам ба Шумо, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович, саломатии бардавом, хушбахтӣ ва дар фаъолияти давлатдориатон муваффақиятҳои зиёд, ба мардуми дӯсти Озарбойҷон сулҳу пешрафт таманно дорам.».

www.president.tj