Барқияи табрикӣ

№91 (3392) 06.07.2015

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи чоруми июли соли 2015 ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусейн Обама барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Табрикоти самимии маро ба муносибати Иди миллии кишвар – 239-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  қабул фармоед.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши робитаҳои дарозмуддати босуботи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико манфиатдор монда, ба вазъи муносибатҳои дуҷониба таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

Боиси хушнудист, ки раванди ҳамкориҳои судманди байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имрӯз фарогири бисёр соҳаҳои сиёсӣ, амниятию низомӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ гардидаанд. Дар ин росто, ҳамкории пурмаҳсули ҷонибҳоро дар масъалаҳои гуногуни таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои глобалӣ низ хуб арзёбӣ менамоем.

Мутмаинам, ки бо саъю эҳтимоми ҳар ду тараф ҳамёрии мо дар ояндаи наздик ҷанбаҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судмандро фаро хоҳад гирифт. Ҷониби мо дар ин самт саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.

Бо ибрози орзуҳои беҳтарин ба ҷаноби Президент сиҳатии комил ва пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Амрико — пешрафту шукуфоӣ орзумандам».

www.president.tj