24 августи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина Петр Порошенко барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Петр Алексеевич!
Солгарди ҷашни миллии Украина – Рӯзи истиқлолият ба ман имкони гуворо фароҳам овард, ки ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти кишваратон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтаринро ирсол дорам.
Тоҷикистон дар такони ҷиддӣ бахшидан ба муносибатҳои дӯстонаи анъанавии бисёрсола, ки миёни ду давлат ва халқҳо мавҷуданд, ҳавасманд аст.
Мутмаинам, ки бо кӯшишҳои якҷояи мо ҳамгиройии мутақобила ва ҳамкории созандаи миёни ду давлат рушди нав касб мекунанд. Омодагии хешро барои истифодаи тамоми кӯшишҳо дар роҳи густариши ҳамкориҳо ба манфиати давлат ва халқҳоямон изҳор медорам.
Бо истифода аз ин фурсат, муҳтарам Петр Алексеевич, ба Шумо саломатии бардавом ва муваффақиятҳо, ба халқи Украина сулҳ ва шукуфоӣ таманно дорам».
АМИТ «Ховар»