21 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Серж Азатович!
Аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳам Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Арманистонро бо солгарди ҷашни миллии кишвар — Рӯзи истиқлолият табрик гӯям.
Тоҷикистон ба муносибати шарикӣ бо Арманистон арҷ мегузорад ва мо бо қатъият хоҳони ба таври муназзам рушд додани ҳамкории мутақобила дар тамоми самтҳоем. Муътақидем, ки бо кӯшишҳои муштараки мо ҳамкории мутақобилаи ду кишвар мустаҳкам гардида, бахшҳои нав ба навро фаро мегирад.
Ба Шумо, Серж Азатовичи муҳтарам, таманнои сиҳатии комил ва муваффақиятҳои минбаъдаро намуда, ба мардуми дӯсти Арманистон сулҳ ва шукуфоӣ таманно дорам».
www.president.tj