Барқияи табрикӣ

№176 (3477) 24.12.2015

23 декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Акихито барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Аълоҳазрат!

Бо изҳори хушнудӣ Шумо Аълоҳазрат ва тамоми мардуми дӯсти Японияро ба муносибати солгарди Иди миллии кишвар самимона табрик ва муборакбод менамоям.

Тоҷикистон мисли пешин хоҳони рушду нумӯи кишвари дӯсти Япония ва ҷонибдори таҳкими рӯзафзуни ҳамкориҳои васеъ бо кишвари Шумо мебошад. Мо омодаем дар оянда низ ҳамкории созанда ва ҳамаҷонибаро ба нафъи ду кишвари дӯст ва бародар тақвият бахшем.

Дар ин рӯзи мубораку фархунда ба Аълоҳазрат тансиҳативу саодат орзу намуда, ба мардуми дӯсти Япония сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам».

www.president.tj