10 майи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея Мун Чжэ Ин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Корея сарфарозам ба Шумо табрикоти самимии худро ирсол намоям.
Мо аз сатҳи имрӯзаи ҳамёрии васеъ бо кишвари Шумо қаноатмандем ва ба дурнамои он дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн назари некбинона дорем.
Изҳори итминон менамоям, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои кишварҳои мо, ки чанде пеш 25-солагии оғози онҳоро ҷашн гирифтем, ба нафъи мардумонамон ба зинаҳои боз ҳам баландтар бардошта хоҳанд шуд.
Бо ибрози беҳтарин таманниёт, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комилу саодат ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиву дастовардҳои навин баҳри пешрафт ва шукуфоии Ҷумҳурии Кореяи дӯст орзумандам».
www.president.tj