Барқияи табрикӣ

№123 (4073) 15.10.2019

12 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Куба самимона табрику муборакбод менамоям.

Интихоби Шумо ба ин маснади олӣ аз ҷониби Парлумони кишвар гувоҳи фаъолияту заҳматҳои созандаву самаранокатон ба сифати роҳбари Куба мебошад.

Ҷониби Тоҷикистон ҳавасманди густариши робитаҳои судманд бо Ҷумҳурии Куба буда, ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни ду кишвар итминони комил дорад.

Зимнан, омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳама сатҳ пайгирона саъю талош варзем. Умед дорам, ки Шумо низ дар ин маснади олӣ кӯшишҳои худро ҷиҳати пешбурди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳо миёни кишварҳоямон дареғ нахоҳед дошт.

Бо ибрози беҳтарин орзую таманниёт ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатии комил, дар кори амалӣ намудани вазифаи пурмасъулияти наватон муваффақиятҳо, ба кишвари дӯсти Куба пешрафту шукуфоӣ ва ба мардуми  он саодату комгорӣ хоҳонам».

www.president.tj