Барқияи табрикӣ ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

№80-81 (3381-3382) 12.06.2015

12 июни соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович!

Солгарди иди миллии Федератсияи Россия — Рӯзи қабули Декларатсия дар бораи истиқлолияти давлатӣ ба ман имконияти хуб медиҳад, ки Шумо ва тамоми халқи дӯсти русро бо ин рӯйдоди муҳим табрик намоям.

Россия барои Тоҷикистон шарики стратегии ҳақиқӣ аст, ки дар муносиботи сиёсати хориҷии стратегии мо ҳамеша мақоми аввалро касб мекунад. Мо ба ҳолати муносиботи бисёрҷанбаи Тоҷикистону Россия, ки рушди бемайлони он ба  робитаҳои самимӣ ва мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ мусоидат мекунанд, баҳои баланд медиҳем.

Ҳамкориҳои самарабахши мо дар доираи ИДМ, СААД, СҲШ, СММ ва дигар иттиҳодияҳои байналмилаливу минтақавӣ боз як намунаи шарикии созандаи Тоҷикистону Россия мебошанд.

Мо муътақид бар онем, ки кишварҳои мо метавонанд муносиботи худро бо ҳамкориҳои мустаҳкам, ки ҷавобгӯй ба манфиатҳои аслии ду давлат ва халқҳоянд, бо майлҳои мусбат пурратар созанд ва онҳоро ба дараҷаи  нави босифат, ки мутобиқ ба иқтидори ғании мост, бароранд. Мо бо ҷасорати қатъӣ барои ин кор тамоми кӯшишҳои лозимиро равона месозем.

Бо истифода аз фурсат, аз самими қалб  ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, саломатии бардавом, хушбахтӣ ва комёбиҳоро барои ноил гардидан ба мақсадҳои оянда ҷиҳати шукуфоии Россияи Бузург, ба халқи бародари рус беҳбудӣ  ва пешрафти минбаъдаро таманно дорам».

www.president.tj