Барқияи табрикӣ ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Ҷон Трамп

№134-135 (4874-4875) 08.11.2024

1Стандарти Садои мардум Трамп7 ноябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо камоли сарфарозӣ ба Шумо табрикоту таҳнияти самимии хешро арз менамоям.

Мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстона ва шарикии гуногунҷанбаи судманд бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико диди нек дорем.

Рушду тавсеаи пайгиронаи онҳоро дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии давлати худ медонем. Ҳамеша омодаем, ки ҷиҳати пешбурди ҳамкории судманд муколамаи самарабахши байнидавлатии кишварҳоямонро дар сатҳҳои мухталиф идома бахшем.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо тансиҳативу саодатмандӣ ва дар фаъолияти масъулиятнокатон комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сулҳу суботи пойдор ва шукуфоии бардавом хоҳонам».