Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

№12 (4908) 27.01.2025

1Стандарти Садои мардум копия 2 Лукаш тел27 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Александр Григоревич,

Дар робита ба пирӯзии комилатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Шумо табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти инҷонибро иброз менамоям.

Натиҷаҳои овоздиҳии анҷомёфта ва иштироки фаъоли интихобкунандагон дар он боз ҳам сатҳи баланди эътимод ва ҷонибдории васеи ҷомеаи Беларусро аз роҳи стратегии Шумо, ки ҷиҳати рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ татбиқ мегардад, собит сохтанд.

Бо қаноатмандӣ ҷараёни хуби рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Беларусро дар рӯҳияи шарикии стратегӣ таъкид менамоям.

Бовар дорам, ки мо бо талошҳои муштарак минбаъд ҳам пешбурди самарабахши ҳамкории Тоҷикистон ва Беларусро таъмин карда, онро бар нафъи мардумони ба ҳам бародарамон бо муҳтавои нави амалӣ ғанӣ хоҳем гардонид.

Ба Шумо, муҳтарам Александр Григоревич, сиҳатмандии бардавом ва дар татбиқи тамоми иқдомҳоятон дар мақоми олии давлатӣ комёбиҳои нави бузург, ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Беларус сулҳу некӯаҳволӣ ва пешрафти рӯзафзун  орзумандам».