5-уми феврали соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Девони Имомати Исмоилия барқияи тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Дар робита ба даргузашти Волоҳазрат Шоҳзода Карим Оғохони IV ҳамдардии самимии инҷонибро иброз менамоям.
Шодравон бо талошҳои пайвастааш дар роҳи ҳифзи сулҳу субот, пешрафту нумуи ҷаҳони ислом ва татбиқи ҳадафҳои рушди умум дар арсаи байналмилалӣ маъруфият пайдо намуда, соҳиби мақому манзалати хоса гардидааст. Вобаста ба ин, мехоҳам саҳми ӯро дар пешбурди ҳамкории созанда бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намоям.
Бо изҳори хотироти нек ва эҳтиром нисбати марҳум таъзияву тасаллият ва ғамшарикии амиқи хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба наздикону пайвандони ӯ иброз намуда, аз даргоҳи Худованд ба онҳо сабри ҷамил хоҳонам».
www.prezident.tj