Барқияи тасаллият

№ 09.09.2022

9 сентябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Карли III барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Хабари даргузашти Улёҳазрат Маликаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи II боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Улёҳазрат Елизаветаи II бо фаъолияти доманадори худ дар маснади Маликаи Подшоҳӣ хислату мӯҳтавои як давраи муҳими рушди кишварро муайян намуда, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯву эътибори баланд ва эҳтиром гардида буд.

Ҷониби Тоҷикистон нақши марҳумро дар рушду тавсеаи равобити нек ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ қадрдонӣ менамояд ва ба шахсияти ӯ сидқан эҳтиром мегузорад.

Дар иртибот ба ин мусибати гарон бо ибрози тасаллӣ ва таъзияи самимии худ ба Шумо, Аълоҳазрат, ҳамаи наздикону пайвандонатон ва мардуми дӯсти Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сабри ҷамил хоҳонам».